ﻣﻦ ﺁﻣﺪﻩ ﺍﻡ ،ﮐﻪ ﮔﻞ ﺩﻣﯽ ﺑﻮﯼ ﮐﻨﻢ
ﺗﺎ ﯾﮏ ﻧﻔﺴﯽ ﺟﻠﻮﻩ ﺑﻪ ﻫﺮ ﺳﻮﯼ ﮐﻨﻢ
ﭼﻮﻥ ﻣﺎﻣﻪ ﺣﻮﺍ ﺑﺮﺍﯼ ﺁﺩﻡ ﺑﺎﺷﻢ
ﺗﺎ ﻫﻤﺮﻩ ﺍﻭ ﺟﻬﺎﻥ ﺗﮑﺎﭘﻮﯼ ﮐﻨﻢ
***
ﺻﺎﺣﺐ ﻫﻨﺮﺍ ،ﺑﯿﺎ ﺗﻮ ﮔﻠﭙﻮﺷﻢ ﮐﻦ
ﺍﺯ ﺑﺎﺩﻩ ﯼ ﻭﺻﻞ ﺧﻮﺩ ﻓﺮﺣﻨﻮﺷﻢ ﮐﻦ
ﺗﺎ ﮐﯽ ﮐﻪ ﺯ ﺩﺭﺩ ﻫﺠﺮ ﻓﺮﯾﺎﺩ ﺯﻧﻢ
ﻟﺐ ﺑﺮ ﻟﺐ ﻣﻦ ﺑﻤﺎﻥ ﻭ ﺧﺎﻣﻮﺷﻢ ﮐﻦ *
***
" ﺍﻟﻬﺎﻡ ﺍﺯ ﺭﺑﺎﻋﯿﺎﺕ ﻣﺮﺩﻣﯽ :
ﺯﺭﮔﺮ ﺑﭽﻪ ﺍﯼ ﺯ ﻫﻮﺵ ﺑﯿﻬﻮﺷﻢ ﮐﺮﺩ
ﺩﺳﺘﻢ ﺑﮕﺮﻓﺖ ﻭ ﺣﻠﻘﻪ ﺑﺮ ﮔﻮﺷﻢ ﮐﺮﺩ
ﮔﻔﺘﻢ ﮐﻪ ﺯ ﺩﺭﺩ گوش ﻓﺮﯾﺎﺩ ﺯﻧﻢ
ﻟﺐ ﺑﺮ ﻟﺐ ﻣﻦ ﺑﻤﺎﻧﺪ ﻭ ﺧﺎﻣﻮﺷﻢ ﮐﺮﺩ
ﺧﺮﺍﻣﺎﻥ ﻧﻌﻤﺖ ﺯﺍﺩﻩ
--- 
Ман омадаям, ки гул даме бӯй кунам,.
То як нафасе ҷилва ба ҳар сӯй кунам.
Чун Мома Ҳаво барои Одам бошам,
То ҳамраҳи ӯ ҷаҳон такопӯй кунам.
***
Соҳибҳунаро, биё ту гулпӯшам кун,
Аз бодаи васли худ фараҳнӯшам кун.
То кай, ки зи дарди ҳаҷр фарёд занам
Лаб бар лаби ман бимону хомӯшам кун!*
***
"Илҳом аз рубоиёти мардумӣ :
Заргарбачае зи ҳуш беҳушам кард,
Дастам бигирифту ҳалқа бар гӯшам кард.
Гуфтам, ки зи дарди гӯш фарёд занам,.
Лаб бар лаби ман бимонду хомӯшам кард.
Хиромон Неъматзода