ﻭﻗﺘﯽ ﺑﻪ ﺟﺎﯼ ﻧﻮﺵ ﻓﻘﻂ ﻧﯿﺶ ﻣﯿﺨﻮﺭﯾﻢ ,
ﻣﺎ ﻛﻢ ﺳﻌﺎﺩﺗﯿﻢ , ﮐﻪ ﻏﻢ ﺑﯿﺶ ﻣﯿﺨﻮﺭﯾﻢ؟
ﺑﯿﮕﺎﻧﻪ ﺩﺭ ﺑﺮﺍﺑﺮ ﻣﺎ ﺑﯽﺗﻔﺎﻭﺕ ﺍﺳﺖ ,
ﺯﺧﻢ ﺍﺯ ﺭﻓﯿﻖ ﻓﺘﻨﻪﮔﺮ ﺧﻮﯾﺶ ﻣﯿﺨﻮﺭﯾﻢ .
ﺍﺯ ﺩﺳﺖ ﺭﻭﺯﮔﺎﺭ ﺑﮕﻮﯾﻢ ﮐﻪ ﺑﯽ ﺍﻣﺎﻥ
ﺷﻼﻕﻫﺎﯼ ﻣﺤﮑﻢ ﺗﺸﻮﯾﺶ ﻣﯿﺨﻮﺭﯾﻢ .
ﺗﻠﺦ ﺍﺳﺖ ﻣﺜﻞ ﺍﯾﻦ ﻏﺰﻟﻢ ﮐﺎﻡ ﺯﻧﺪﮔﯽ
ﺗﻠﺨﺎﺑﻪﻫﺎﯼ ﻗﻠﺐ ﭘﺮ ﺍﺯ ﺭﯾﺶ ﻣﯿﺨﻮﺭﯾﻢ .
ﺧﻮﺷﺒﺎﻭﺭﯼ ﻭ ﻋﺎﻃﻔﻪ ﺣﺎﻻ ﮔﻨﺎﻩ ﻣﺎﺳﺖ
ﻫﺮ ﻟﺤﻈﻪ ﺯﺧﻢ ﻫﺎﯼ ﺑﺪﺍﻧﺪﯾﺶ ﻣﯽ ﺧﻮﺭﯾﻢ
فردوس اعظم
***
Вақте ба ҷои нӯш фақат неш мехӯрем,
Мо камсаъодатем, ки ғам беш мехӯрем ?
Бегона дар баробари мо бетафовут аст,
Захм аз рафиқи фитнагари хеш мехӯрем .
Аз дасти рӯзгор бигӯям, ки бе амон
Шаллоқҳои муҳками ташвиш мехӯрем .
Талх аст мисли ин ғазалам коми зиндагӣ
Талхобаҳои қалби пур аз реш мехӯрем .
Хушбовариву отифа ҳоло гуноҳи мост
Ҳар лаҳза захмҳои бадандеш мехӯрем .
Фирдавси Аъзам
